Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталабе ба донишгоҳи Бағдод ҳамла кард


Як бомбгузори маргталаб рӯзи 20-уми апрел бомби бо худ доштаашро дар донишгоҳе дар шаҳри Бағдод тарконд ва се нафарро кушту чандин тани дигарро маҷрӯҳ кард. Доир ба ин ҳамла ба донишгоҳи Имом Козим гузоришҳои зиддунақиз мерасад. Ба гуфтаи баъзе аз шоҳидон, як бомбгузор ба ҳавлии донишгоҳ ворид шуда, худро мунфаҷир кардааст ва яке дигарро маъмурони амниятӣ дар назди дарвоза куштаанд. Ба гуфтаи шоҳидони дигар, ҳодиса дар назди дарвозаи донишгоҳ сурат гирифтааст. Дар ҷойи дигари Ироқ дар шаҳри Самово бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда ҳафт ғайринизомӣ кушта ва ҳафт тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамлаҳо дар остонаи интихоботи порлумонии Ироқ сурат гирифтанд, ки қарор аст, 30-уми апрел баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG