Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ҳамла дар Словянск ба хашм омадааст


Давлати Русия мегӯяд, аз тирандозии маргбор дар шарқи Украина ба хашм омадааст. Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 20-уми апрел бо нашри як баёнияи катбӣ гуфт, ҳамла ба посгоҳи ҷудоихоҳони рус дар шаҳри Словянск нишон дод, ки мақомоти Киев намехоҳанд, “миллатгароёну тундравонро” халъи силоҳ кунанд. Ҳамла соати 2 шаби вақти маҳаллӣ рух додааст. Гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ дар чанд мошин ба посгоҳи ҷудоихоҳони Русиягаро наздик шуда ва тир андохтаанд. Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар натиҷаи даргирӣ як нафар кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд, аммо телевизиони давлатии Русия гуфт, ки дар ин ҳодиса се ҷудоихоҳ ва ду ҳамлавар кушта шуданд. Вазорати умури хориҷии Русия ҳамларо кори дасти “Ҷабҳаи чап” гурӯҳи миллатгарои украинӣ хонд.
XS
SM
MD
LG