Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамае дар Покистон 36 нафар ҷон доданд


Дар як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Покистон дасти кам 36 нафар кушта шудаанд. Рӯзи 20-уми апрел як автобуси мусофирбар ба мошини боркаше дар вилояти Синд бархӯрдааст ва дар натиҷа 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки вазъи баъзе аз захмиён бисёр бад аст ва мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад. Дар роҳҳои ноҳамвору бетаъмири Покистон солона ҳазорон нафар ҳалок мешаванд.
XS
SM
MD
LG