Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни фалокат дар Куриё ба 49 нафар расид


Бо онки теъдоди дигаре аз қурбониёни киштии вожгуншудаи Куриёи Ҷанубиро берун оварданд, рӯзи 20 апрел хешовандони хашмгини афроди бенишоншуда бо маъмурони пулис даргир шуданд. Ҳоло бар асоси омори расмӣ, 49 нафар дар натиҷаи фалокат ҷон додаанд. Аз ҳисоби 476 мусофири киштӣ то кунун 250 нафарашон бенишонанд ва тақрибан ҳамаи онҳо муҳасилони мактаби миёна ҳастанд. Ҳудуди 350 донишандӯзи мактабе аз шаҳри Ансон дар ҷануби шаҳри Сеул дар ин киштӣ буданд. Муовини директори мактаб рӯзи 18 апрел худкушӣ кард. Киштии мазкур рӯзи 16 апрел бо сабабҳои то кунун номаълум ғарқ шуд. Ли Ҷун-сеок, капитани ин сафинаро ҳамроҳ бо ду маллоҳи дигар барои беэҳтиётӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт карданд. Ӯ аз мардуми кишвараш ва наздикони қурбониёни фалокат узр пурсид.
XS
SM
MD
LG