Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳӣ мегӯяд, масъалаи Арок ҳал шудааст


Муовини раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, кишвараш иқдомоти зарурӣ барои коҳиш додани қудрати реактори атомии оби сангин дар Арокро такмил кардааст, ки як шарти музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ аст. Алӣ Акбар Солеҳӣ рӯзи 19-уми апрел дар шаҳри Теҳрон гуфт, зарфиятҳои реактори атомии Арокро тағйир хоҳанд дод, то назар ба гузашта камтар плутониум тавлид кунад. Ӯ афзуд, ки бар асоси созиши ҳосилшуда миёни Эрон ва Амрико, Чин, Фаронса, Бритониё ва Русияву Олмон дар моҳи ноябр, Теҳрон ҳамчунин захираҳои ураниуми ғализашро камтар кардааст. Алӣ Акбар Солеҳӣ ба телевизиони Ал-Олам гуфт, бо такмили ҳамин иқдомот дигар масъалаи реактори Арок “тақрибан ҳал шудааст.” Эрон барои расидан ба созиши пойдор дар робита ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар шаҳри Вена музокирот дорад. Мӯҳлати эътибори созиши муваққат, моҳи июл ба поён мерасад. Бар асоси ин созиш, қудратҳои ҷаҳонӣ дар ивази муттавақиф кардани бахше аз фаъолиятҳои атомиаш, таҳримот алайҳи Эронро сабук карданд.
XS
SM
MD
LG