Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усқуфи Украина Русияро "таҷовузгар" хонд


Усқуфи калисои ортодокси Украина зимни суханронӣ дар рӯзи таҷлили Иди Фусҳо, ки миллион нафар аз масеҳиён онро таҷлил мекунанд, амалкардҳои Русия дар кишварашро танқид кард. Рӯзи 20-уми апрел ҳам масеҳиёни православ ва ҳам масеҳиёни ортодокс дар саросари ҷаҳон ба таҷлили ин ид шурӯъ карданд. Ба эътиқоди насрониён маҳз дар ҳамин рӯз 2000 ҳазор сол пеш Ҳазрати Исоро мухолифонаш ба салиб кашиданд. Шоми 19-уми апрел ҳазорон нафар дар шаҳри Рум ва Байтулмуқаддас барои ниёиш дар ҳаққи Ҳазрати Исо ҷамъ омаданд. Попи Рум Франсис дар маросими ниёиш дар Ватикан аз католикҳо хост, дар эътиқодашон собит бошанд. Дар шаҳри Киев, Филарет усқуфи аъзами калисои ортодокси Украина дар паёми идона ба пайравонаш, “таҷовузи” Русия ба Украинаро маҳкум кард ва гуфт, ки онҳо аз “шарри” Маскав халос хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, алайҳи “украиниҳои сулҳдӯст, ки довталабона аслиҳаи атомиашонро таслим карданд”, таҷовуз сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG