Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Словянски Украина 5 нафар кушта шудаанд


Дар як даргирӣ дар наздикии шаҳри Словянск дар шарқи Украина 5 нафар кушта шудаанд. Телевизиони давлатии Русия рӯзи 20-уми апреk гузориш дод, ки афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи ҷудоихоҳони русгаро дар канори шаҳри Словянск ҳамла карданд ва дар ин даргирӣ ҳарду тараф талафот додаанд. Шаҳри Словянск 100 километр дуртар аз Донетск шаҳри бузурги дигар дар шарқи Украина воқеъ шудааст, ки таҳти контроли ҷудоихоҳони русгаро қарор дорад. Онҳо дар ин шаҳр аввал идораҳои пулис ва сипас қароргоҳи ҳукуматро ишғол карда буданд. Ҷудоихоҳони тарафдори Русия ҳамчунин чанде аз мошинҳои низомиро аз дасти сарбозони артиши Украина дар шаҳри Крематорс гирифтанд ва ҳоло дар Словянск нигаҳ медоранд.
XS
SM
MD
LG