Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарозер" шудани аслиҳа ба Ховари Миёна дар соли 2013


Иститути ҷаҳонии пажӯҳиши сулҳ рӯзи 14-уми апрел гузориши солонаи худ дар бораи хароҷоти низомӣ ва тиҷорати аслиҳа дар ҷаҳон дар соли 2013-ро мунташир карда ва эълом намуд, ки ин хароҷотҳо беш аз 1,7 триллион доллар будааст.

Stockholm International Peace Research Institute дар ин гузориш эълом кардааст, ки маблағи сарфшуда дар соли гузаштаи мелодӣ нисбат ба соли қаблии он, ду дарсад коҳиш ёфтааст. Бар пояи гузориши солонаи ин ниҳод, ҳарчанд соли 2013 Амрико монанд ба солҳои қаблӣ бо 640 миллиард доллар будҷаи низомӣ дар садри ҷадвал қарор дорад, аммо хароҷоти низомии Амрико дар соли 2014 дар муқоиса ба соли пеш аз он, ҳудуди ҳашт дарсад коҳиш додааст. Пас аз Амрико Чин, Русия ва Арабистони Саудӣ ба тартиб 188, 88 ва 67 миллиард доллар бештарин будҷаи низомӣ ва ҳазинҳои дифоиро дар соли гузаштаи милодӣ ба худ ихтисос додаанд.

Дар маҷмӯъ, бар пояи гузориши ин ниҳод, хароҷоти низомӣ дар соли 2013 дар кишварҳои пешрафтаи саноатӣ дар Аврупо ва Амрико каме коҳишро нишон медиҳад, дар ҳоле, ки дар кишварҳои дар ҳоли рушд ва минтақаҳои ноором дар ҷаҳон, хароҷоти низомӣ бештар шудааст. Ба вижа минтақаи Ховари Миёна бо Арабистони Саудӣ дар садри он, шоҳиди рушди чашмгири хароҷоти низомӣ ва амниятӣ будааст.

Як коршиноси ин ниҳод дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" дар шарҳи рушди хароҷоти низомӣ дар Ховари Миёна гуфтааст, "рушди хароҷоти низомӣ дар Ховари Миёна дар соли 2013 бештар ба марбут ба Арабистони Саудӣ мешавад, ки ҳудуди 14 дарсад рушд дошта, аммо хароҷоти низомӣ дар Баҳрайн, Ироқ ҳам афзоиши чашмгирӣ нишон медиҳад."

Ин коршинос мегӯяд, "сабаби ин афзоиш дар мавриди Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн ин аст, ки ба хотири эътирозҳое, ки дар соли гузашта буд, ин кишварҳо барои назорати вазъи дохилӣ ва ҳифзи амният ва ҳамчунин розӣ нигаҳ доштани нерӯҳои амниятӣ бо харидани таҷҳизоти пешрафта ва замонавӣ барои муқобила бо эътирозҳои дохилӣ, масорифи амниятии худро боло бурдаанд.

Вай мегӯяд, "дар мавриди Арабистони як омили дигар ҳам нақш бозӣ мекунад ва он аз як тараф таниш миёни Арабистон ва Эрон дар рақобати минтақавӣ аст ва аз тарафи дигар таниши Арабистон бо Эрон ба далели ҳимояти вижаи Теҳрон аз ҳокимияти феълӣ дар Сурия.

Дар гузориши солонаи ин ниҳод чизе дар бораи масорифи низомӣ ва амниятии Тоҷикистон наомадааст. Аммо бино ба гузориши “Тавозуни низомӣ-2012”-и Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, ки қаблан ба нашр расида буд, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо ҳамагӣ 72 миллион доллар буҷаи низомии солона, назар ба Узбакистони ҳамсояаш 20 маротиба камтар аст ва дорои яке аз заифтарин артишҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Тоҷикистон, бино ба омори расмиаш, соли 2013 аз хориҷа ба маблағи 16,2 миллион доллар силоҳу муҳимот ворид кардааст, ки назар ба соли қаблӣ ба маблағи 4,8 миллион доллар, ё 43 фоиз бештар будааст.

Бино ба омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки рӯзи 19 март хабаргузории “Азия Плюс” нашр кард, дар соли 2013 ин кишвар аз хориҷ ба маблағи 16,2 миллион доллар силоҳу муҳимот харидааст, ки назар ба соли қаблӣ 43 дарсад бештар аст. Бино бар ин манбаъ, Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) ба маблағи 7,5 миллион доллар силоҳу муҳимот ворид кардааст. Вале зоҳиран барои бори аввал кишварҳои хориҷаи дур ба манбаи асосии такмили таслиҳоти нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон табдил меёбанд. Соли гузашта аз хориҷаи дур ба Тоҷикистон маблағи 8,7 миллион доллар силоҳу муҳимот ворид кардааст.

Ҷолиб он аст, ки Булғористон бо ҳудуди 6,2 миллион доллар бузургтарин содиркунандаи силоҳ ба Тоҷикистон маҳсуб шуда, Русия, шарики стротегӣ ва дар гузашта манбаи асосии таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳу муҳимот, соли гузашта бо 4,8 миллион доллар дар ин “сабқат” танҳо ҷои дувумро гирифтааст. Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамин тавр, аз Украина ба маблағи 2,7 миллион доллар, аз Ҳинд ба маблағи 2,1 миллион доллар силоҳу муҳимот гирифтаанд. Миқдоре асбобу анҷоми низомӣ, бо шумули аслиҳа, ба Душанбе аз Амрико, Туркия, Руминия ва Чину Исроил расидааст.

IISS шумори нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бо шумули артишу нерӯҳои ҳавоӣ, Горди миллӣ, нерӯҳои дохилӣ ва воҳидҳои шибҳанизомии Кумитаи ҳолатҳои изтирориро беш аз 16 000 нафар ҳисоб мекунад, ки аз артишҳои ҳамаи 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ камтар аст. Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегӣ теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистонро 3 маротиба бештар аз Тоҷикистон, яъне то 50 000 ва аз Қазоқистонро зери 65 000 нафар баршумурдааст. Туркманистону Қирғизистон низ ҳар кадом чизе бештар аз 20 000 аскару афсар доштаанд, ки низ аз Тоҷикистон зиёдтар мебошад.

Тоҷикистон, ки ҳокимони вақташ дар авоили солҳои 90 ба фарқ аз кишварҳои дигари минтақа аз мероси артиши Шӯравӣ даст кашиданд, аз нигоҳи таслиҳот низ аз ҳамсояҳояш ақиб мемонад. Бино ба гузориши IISS, артиши Қазоқистон 2210 зиреҳпӯшу 980 тонк, 1500 тӯпхона ва 278 чархболу ҷанганда дорад. Туркманистон 1941 зиреҳпӯшу 680 тонк ва беш аз 500 тӯпхонаву 112 чархболу ҳавопаймо дошта, нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо 355 зиреҳпӯшу 150 тонк, 246 тӯпхона ва 43 чархболу ҳавопаймо мусаллаҳ будаанд. Ҳамсояи асосии мо дар минтақа Узбакистон, ҳамин тавр, беш аз 700 зиреҳпӯш, 340 тонк, 135 ҳавопаймои ҷангӣ ва қариб 500 тӯпхона дорад.

Аммо Тоҷикистон, танҳо кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар пайи суқути Шӯравӣ аз мероси низомии он даст кашид, бо ҳамагӣ 46 зиреҳпӯшу 37 тонк, 23 тӯпхона ва танҳо 3 чархболу 1 ҳавопаймо соҳиби артиши аз нигоҳи таслиҳот заифтарини минтақа шумурда мешавад. Ҳамагӣ 1 ҳавопаймо дар муқобили 135 ҷангандае, ки барои мисол, Узбакистон дорад, ё 46 зиреҳпӯш дар баробари 2210 зиреҳпӯши артиши Қазоқистон ва ҳамин тавр, 37 тонкаш дар муқоиса бо 680 тонки артиши Туркманистон ё 340 тонки Узбакистон ва 23 тӯпхонааш дар муқобили 246 тӯпи Қирғизистон, ба қавли шореҳони низомӣ, қобили қиёс нест.

IISS дар гузориши “Тавозуни низомӣ-2013”-аш навишта буд, ки иқтидори нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон назар ба пойгоҳи 201-уми артиши Русия ҳам, ки бо ҳудуди 7000 афсару аскараш дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар шудааст, дастикам 10 маротиба камтар аст. Тоҷикистон ахиран замони будубоши ин пойгоҳи Русияро то соли 2042 тамдид кард.

Аммо мақомоти низомии Тоҷикистон мегӯянд, таслиҳот ва хароҷоти низомии кунунии ин кишвар барои иҷрои аҳдофи низомиаш ба сурати умум кифоят мекунад. Шореҳони низомӣ мегӯянд, як бартарии муҳими артиши Тоҷикистон таҷрибаи бойи ҷангӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ ва ҳам дар рӯёрӯиҳои пайваста бо қочоқчиёни афғон аст, ки ягон артиши дигари минтақа надорад.
XS
SM
MD
LG