Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза ба беҳтаринҳои Душанбе дар Рӯзи пойтахт


Бахшида ба Рӯзи пойтахт нахустин бор ҳавлирӯби беҳтарин аз дасти раиси шаҳри Душанбе телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи Хоҷа-Обигармро қабул кард.

Дар расми тақдими ҷойза, ки рӯзи шанбеи 19-уми арел дар Маҷмааи Душанбе-Плаза баргузор шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт гуфт, барои шаҳрдорӣ қадр намудани кори ҳавлирӯбон, ки бо вуҷуди сардиву гармӣ хиёбонҳои шаҳрро покиза нигаҳ медоранд, мояи ифтихор аст. Аз ин рӯ меарзад, ки гаронтарин телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳро ба Саида Халилова ҳавлирӯби беҳтарини шаҳр бидиҳанд.

Дар ин рӯз ҳамчунин бори аввал ба 3 нозири минтақавии милисаро эълон карданд ва ба ҳар яки онҳо барои хидматашон дар таъмини амнияти мардум мутаносибан аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ ҳадя доданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин бора гуфт: «15 ҳазор маблағи кам нест ва ин маблағро баъзе аз нозирони минтақавӣ шояд дар як сол ҳам нагирад ва ҳадафи мо аз муйян кардани ин ҷойза, зичтар намудани робитаи нозирони минтақавӣ бо сокинони пойтахт аст. Шарти озмун чунин буд, ки шахси номзад дар се сол аз ҷониби сохтори дахлдор муҷозот нашуда бошад ва ҳамчунин дар ҳудуди минтақа ягон ҷинояти нокушода намонда бошад.»

Ҳамин тавр дар маросими таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе беҳтарин мактаб, омӯзгору мураббия ва ҳатто синфу волидайни сол низ соҳиби ҷойиза ва ҳадяи пулӣ шуданд. Дар ин маросим Фарҳод Мирзоев, раҳбари ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» соҳибкори сол, шифохонаи «Ҳамшираи шафқат», меҳмонхонаи «Тоҷикистон», тарабхонаи «Шом 7» ва ошхонаи «Дидор-2013» беҳтарин дар пойтахт унвон шуданд.

Дар ин баробар Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо натиҷагирӣ аз нимамарафони байналмилалӣ, ки рӯзи шанбеи 19 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт доир шуд, ба ғолибони пойга аз якуним то саввуним ҳазор доллари амрикой тақдим кард. Дар ин марафон варзишгарон аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд ва аз ҳама пештар давандаҳо аз Русияву Узбакистон, Қирғизистону Украина ва Кения ба марра расидаанд.

Холид Фақирӣ, варзишгар аз Афғонистон, ки дар ниммарафони байналмилалӣ ширкат доштааст, мегӯяд: «Ин бори аввал буд, ки ман ба Душанбе омадам ва онро як шаҳри тамизу зебо дарёфтам, ки мардуми бофарҳанг дорад. Бардоште, ки мо аз Душанбе кардем ва дидоре, ки аз маконҳои арзишманди фарҳангиву таърихӣ ва ба вижа аз Китобхонаи бузурги Миллӣ доштем, мояи ифтихори на танҳо миллтаи тоҷик, балки мояи ифтихори мо мардуми Афғонистон низ ҳаст.»

Итиффоқан, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе имсол ба феҳристи сабақати дави ҷаҳонӣ шомил шудани ин ниммарафонро аз муваффақиятҳои пойтахт ном бурд. Раиси шаҳр ҳамчунин сохтмонҳои бузурги пойтахтро аз пешрафтҳои дигар ном бурд ва гуфт Душанбеи имрӯза имкони мизбонии чорабиниҳои бузурги байналмилалиро дорад.

Нуқра Раҳматова, овозхони шинохтаи тоҷик, ки низ дар маросими таҷлили Рӯзи пойтахт ширкат дошт гуфт, бояд эътироф кард, ки симои Душанбе тағйир кардааст: «Ҳоло роҳҳо хеле васеъ шудаанд. Ёд дорам дар соли 1987 вақте ба мо хона тақдим карданд, ин бинои ягонаи баландошёна буд. Ҳоло сари ҳар қадам биноҳои баландқомат ба назар мерасад. Ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ Душанберо чун Швейтсария ном мебурданд ва фикр мекунам ҳоло он ба маротиб зеботар шудааст.»

Шаҳрдории Душанбе 10 сол пеш, дар шанбеи саввуми моҳи апрелро Рӯзи пойтахт эълон кард ва ҳар сол барои ташвиқи соҳибкорону, ширкатҳо, мактабу маҳаллаву шифохонаҳо ба кори беҳтар, дар байни онҷо озмун эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG