Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равобити Ғарбу Русия Назарбоевро нигарон кардааст


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мумкин аст, «ҳамкорӣ миёни қудратҳои аслии ҳастаии ҷаҳон хотима ёбад». Ӯ рӯзи 18-уми апрел дар ҳузури вакилони порлумони Қазоқистон гуфтааст, пешрафтҳо дар заминаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ, ки дар даҳсолаҳои ахир ба даст омадаанд, ба хатар рӯ ба рӯ шудааст. Ин баёнияи Нурсултон Назарбоевро ишорае ба танишҳои Русия бо Ғарб медонанд, ки бинобар бӯҳрон дар Украина ҷанҷол доранд. Қазоқистон баъди суқути шӯравӣ дар соли 1991, пойгоҳи озмоиши бомби атомӣ дар Семипалатинскро баст мақоми кишвари ғайриҳастаиро соҳиб шуд. Украина дар аввали солҳои 90-ум низ аз бомбҳои атомиаш даст кашид ва дар ивази он Русияву кишварҳои ғарбӣ тамомияти арзиву истиқлоли он кишварро замонат доданд.
XS
SM
MD
LG