Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитани киштии ғарқшуда дар Корея боздошт шуд


Дар ҳоле, ки ҷустуҷӯ барои ёфтани беш аз 270 мусофири киштии ғарқшудаи Кореяи ҷанубӣ идома дорад, капитани ин киштӣ боздошт ва муовини мудири мактабе, ки талабагонаш бештарин мусофирони ин киштӣ буданд, худкушӣ кардааст.

Ба гузоририши Франс-пресс, як мақоми нерӯҳои баҳрии Кореяи ҷанубӣ рӯзи ҷумъа гуфтааст, ки додситонии ин кишвар аз додгоҳи маҳаллӣ дархост кард, то барои капитан ва ду тан аз ҳайати хадамаи ин киштӣ қарори боздошт содир кунад. Тибқи гузоришҳо, дар ниҳоят бо судури қарори боздошт, онҳо дастгир шуданд. Ин мақом афзудааст, ки дар мавриди иттиҳомот алайҳи ин афрод, иттилои бештар надорад.

Киштии Кореяи ҷанубӣ, бо беш аз 470 мусофир ва 28 ҳайати хизматрасон, аз ҷумла беш аз 320 талабаи як мактаб дар Сеул рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми апрел дар ҳоле равонаи як ҷазираи сайёҳӣ буданд, ғарқ шуд.

Капитани киштӣ бо ҳамроҳии 28 тан аз кормандони худ пеш аз он, ки ин киштӣ ба таври комил ба зери об фурӯ равад, худро наҷот доданд ва ба ҳамин далел ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтанд, ки дар ҳоле, бисёре дар ин киштӣ ба дом афтодаанд, ин афрод маҳалро тарк кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Ройтерз" рӯзи ҷумъа эълон кард, ки муовини мудири мактабе, ки беш аз 320 талабаи он савор бар ин киштӣ ба сафари гурӯҳӣ мерафтанд, худкушӣ кардааст. Ин масъули 52-солаи мактаб, ки талабаҳоро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, аз рӯзи панҷшанбе бедарак шуда буд ва дар ниҳоят рӯзи ҷумъа ҷасади дорзадаи ӯ аз як дарахт пайдо шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, то рӯзи ҷумъа ҷасади 28 тан аз мусофирони ин киштӣ пайдо шудааст ва 174 низ наҷот ёфтаанд. Садҳо шиновар ва нерӯҳои кӯмакрасон дар ҳоли ҳозир дар ҷустуҷӯи ҳудуди 270 шахси нопадидшудаи дигар ҳастанд. То кунун сабаби ғарқ шудани ин киштӣ маълум нест.
XS
SM
MD
LG