Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама қонуни марбут ба Абутолибиро имзо кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 18-уми апрел қонунеро имзо кард, ки бар асоси он ба дипломати эронӣ Ҳамид Абутолибӣ раводиди сафар ба Иёлоти Муттаҳида дода намешавад. Ҳамид Абутолибиро, ки Эрон намояндааш дар Созмони Милал таъйин кард, ба даст доштан дар гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон баъди инқилоби исломии соли 1979 муттаҳам мекунанд. Дипломати эронӣ мегӯяд, ки дар оғози ин бӯҳрон дар Теҳрон набуд, вале баъдан ба ҳайси тарҷумон барои гаравгонгирон хидмат кардааст. Бар асоси қонуне, ки Конгресси Амрико тавсиб кард, ҳар фарде, ки дар ҷосусӣ ва ё фаъолиятҳои террористӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш даст дорад ва барои амнияти миллии он хатар эҷод мекунад, ҳаққи вуруд ба Амрико надорад. Ин кишвар гуфтааст, ки ба Ҳамид Абутолибӣ раводиди сафар ба Амрико намедиҳад.
XS
SM
MD
LG