Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни Асосии Украинаро ислоҳ мекунанд


Арсений Ятсенюк, нахуствазир ва Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина дар як суханронии телевизионӣ ваъда доданд, ки Қонуни Асосии кишварро ислоҳ мекунанд. Арсений Ятсенюк рӯзи 18-уми апрел гуфт, бо ислоҳи ин санад, ҳукумат қудратро тақсим карда ва ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҳукуматҳои вилоятҳо салоҳиятҳои васеътар медиҳад. Ба гуфтаи нахуствазири Украина, ҳамчунин дар Қонуни Асосии нав ба забони русӣ “мақоми махсус” дода мешавад. Арсений Ятсенюк аз мардуми кишвараш хост, муттаҳид бошанд ва аз хушунату зӯроварӣ ҳазар кунанд. Арсений Ятсенюк аз порлумони Украина тақозо кард, қонунеро тасвиб кунад, ки авфи Ошӯбгарони боздоштшуда дар шаҳрҳои шарқии Украинаро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG