Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахшиш, лозим нест эъдомаш кунед! “Вергул” ҷояшро иваз кард


Бисёриҳо дар Эрон ба ин меандешанд, ки чаро барои таъкиди нақши муҳими аломати “вергул” ё кома, мадрасаҳои кишвар хашинтарин намунаро интихоб кардаанд.

“Бахшиш лозим нест, эъдомаш кунед” ё “Бахшиш, лозим нест эъдомаш кунед”. Он сукут, дар тамоми солҳҳои баъд аз мадараса барои бачаҳое, ки аҳёнан тамошочии озоди эъдомҳои дар мазҳари ом буданд, бо садоҳое ранҷборе пур буд, садоҳои ранҷбори маргу зиндагӣ. Ин бор садоҳо дар майдони кӯчаки шаҳри Нур печид. Ин бор вергул дар ҷойи хуби ҷумла омад. Ин бор вергул марди ҷавонро аз марг дар мазҳари ом наҷот дод.

Сомири Алинажод, модари Абдуллои Ҳусензода, ҷавоне, ки дар 17 солагиаш дар як даргирии хиёбонӣ дар Чоршанбебозори шаҳристони Нур кушта шуд, қотили фарзанди худро бахшид ва Билол, ҷавоне, ки маҳкум ба қатл буд, аз пойи дор ба зиндагӣ баргашт. Аммо ин як бахшиши маъмулӣ набуд. Пеш аз он Билол се дафъа бар пояи дор рафтаву баргашта буд. Пеш аз он 7 сол дар зиндон буд.

Эъдоми Билол дар шоҳидии тамошочиҳо аз қабл барномарезӣ шуда буд. Аммо ин дафъа, субҳи барвақт мардум бо дурбинҳои мобилашон барои ҳаяҷону филмбардорӣ таҷамуъ накарда буданд. Мардум омада буданд, то аз варзишгари пешкори шаҳрашон, ки фарзандаш дар ҷараёни як даргирии хиёбонӣ кушта шуд, хоҳиш кунанд, ки ҷойи вергулро иваз кунад. Хоҳиш кунанд, ки қотилро бубахшад ва аз хуни ӯ бигзарад. Илтиҷову илтимосҳо, ки аз ҳар сӯ садо медод, кори худро карданд. Модари мақтул, силлӣ ё шаппотие ба рӯи қотили писари ҷавонмаргаш зад, таноби дорро аз гардани ӯ боз кард ва ҷойи вергул иваз шуд. Билол зинда монд.

Ҷомеъашиноси эронӣ Маҷиди Муҳаммадӣ бо ҳисси қаноатмандӣ аз ин падида мегӯяд, чунин иттифоқот ҳам бар рӯи ҷомеъа ва ҳам хонаводаи мақтул таъсири мусбат доранд. Ин эҳсос метавонад фаротар аз шаҳр биравад ва сатҳи фаромиллӣ касб кунад. Бо ин ҳол ин ҷомеъашинос бо ишора ба мавзӯи қасос дар қавонини Эрон аз таъсири он дар ҷомеа ёдовар шуд.

Ӯ мегӯяд: “Достони қасос ва ба супурдани тасмимаш ба хонаводаҳо, хонаводаҳоро ба ҷони ҳам меандозад. Ин меросест аз ҷомеаи қабиласолор. Дар гузашта як фард ба як ҷомеаи миллӣ, ба як ҷомеаи шаҳр тааллуқ надошт. Табъан қабила мебоист бахшиши тарафи муқобилро бигирад ё ин ки хунбаҳои ӯро бипардозад ва ин кинаҳои қабилавию хешовандӣ дар хонаводаҳо идома мекарданд. Нуктаи дуввум, бараҳадар рафтани сармояҳои иҷтимоӣ аст. Ин сармояҳо бояд барои лағви эъдом дар мазҳари ом масраф шаванд, на ин ки дар як мавриди хос ва фардояш дубора каси дигареро бо шеваи қаблӣ эъдом шавад. Сеюм раҳоии мардум аз ин саҳнаҳои ранҷовар аст, ҳам хонаводаҳо ва ҳам онҳое ки ин саҳнаҳоро мебинанд. Онҳое, ки шоҳиди қатлҳо дар мазҳари ом мешаванд, баъдаш моҳҳо наметавонанд ба зиндагии иҷтимоӣ баргарданд. “

Маҷиди Муҳаммадӣ мегӯяд, омӯзишҳо аз руҳияи ҷомеаи Эрон аз зовияи равоншиносӣ гувоҳи ин аст, ки вазъи афсурдагӣ дар он дар ҳоли афзоиш аст ва як иллаташ ҳам дидани ҳамин хушунатҳо аст.

Ҷамъият, шаҳрвандон ва аҳолии Шаҳристони Нур ҳамагӣ барои ҳифзи як зиндагӣ, барои як бахшиш ва барои иваз кардани ҷойи вергул ҳамроҳу ҳамдаст шуданд. Аммо ҷурмҳое мисли қатл ҷамбаи умумӣ ҳам доранд. Аз Сапедаи Калонтариён, ҳуқуқдони эронии муқими Порис дар бораи ҷавоне, ки аз ҷониби хонаиводаи мақтул бахшида шуд, пурсидем. Ӯ мегӯяд,

“Ҷамбаи умумии ҷурм баъд аз бахшиши хонаводаи мақтул низ побарҷол хоҳад монд, зеро ҳар ҷурме, аз ҷумла қатл ҳам як ҷамбаи умумӣ дорад, ки ё таҷовуз ба муқарароти илоҳӣ аст ва ё нақзи ҳуқуқи ҷомеа ё халадор кардани назми умумӣ. Бо вуҷуди ин ки муҷрим аз ҷониби ҷабрдидаҳо бахшида мешавад, вале додситон бояд парвандаро таъқиб кунад ва қозӣ муҳлати зиндонро мушаххас кунад.”

Чанд қадам дуртар аз дарё миллаҳои ҳифозатӣ насб карда буданд. Мардум аз соати 5-и субҳ дар паси ин миллаҳо ҷамъ шуданд ва фарёд мезанаданд, ки “Ё Ҳусейн!”. “Ё Ҳусейнҳо” барои талаби бахшиш буд, барои зиндагӣ буд. Барои зиндагии Билол, ҷавоне, ки 19 сола буд, ба ҷурми қатл ба зиндон рафт ва 26-сола аст, ки аз кобуси таноби дор раҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG