Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танк дар маркази Душанбе -- ёдгории ҷанг ё рамзи пойгоҳи 201?


Дар пасманзари баҳси ҳайкали танкҳои русӣ дар кишварҳои аврупоӣ суоле пеш омадааст, ки танки ёдгорӣ дар маркази Душанбе оё рамзи саҳми Тоҷикистон дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аст ё бино бар рақами “201” дар рӯйи он навишта шудааст, яке аз даҳҳо танки пойгоҳи 201-и Русия дар кишвар.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе бештар тарафдори ақидаи авваланд. Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раҳбари Идораи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, ин танк ёдгоре аз фидокории тоҷикон дар ҷанги зидди Олмони фашистист: «Тақрибан 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ҷанги соли 1941-1945 ширкат варзидааст, яъне 250 ҳазор нафар аз кишвари беш аз 1,5 миллион нафара. Чӣ гуна мо метавонем ин саҳифаҳои таърихро фаромӯш кунем. Новобаста ба оне, ки мо дар кадом низом будем ва манфиатҳои киро ҳимоя мекардем, вале ҷангидем. Зеро манфиатҳо ва ватан ягона буд. Ва ин танк танҳо ба хотири ёдгорӣ ва ёдбуди бузургмардоне, ки дар ин ҷанг ширкат варзиданд ва ҳамчун лавҳаи ёдоварӣ аз ҳамон замон, барои наслҳои имрӯзу оянда гузошта шудааст."
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Ва аммо ҷаноби Абдуқаҳҳор дар робита ба мавридҳои барчидани ҳамингуна танкҳо дар Аврупо мегӯяд, дилсардии мардуми кишварҳои соҳили Балтикро аз русҳо дарк кардан мумкин аст, зеро Шӯравӣ истиқлоли онҳоро поймол карда буд ва ба ин хотир онҳо дар талоши аз байн бурдани чунин ёдгориҳо ҳастанд. Иттифоқан, ҳафтаи гузашта матбуоти Олмон аз ҳукумати ин кишвар хост, чунин танкҳоро аз назди Дарвозаҳои Бранденбург бардорад. Ҳукумат ба ин дархост посухи рад дод.

Дар ҳамин ҳол, Ғаффор Шерматов, рӯзноманигори пойгоҳи низомии 201-Русия дар Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз таърихи танки рамзии "Майдони Ғалаба" -и шаҳри Душанбе низ мегӯяд, ин рамзи қаҳрамониҳо ва фидокориҳои мардуми Тоҷикистон аст, ки соли 1944 дар ақибгоҳ бо ҷамъоварии маблағ тавонистаанд 10 танк харидорӣ кунанд ва ба фронт бифиристанд.

Ба гуфтаи Шерматов, ин танкҳо дар озод кардани чандин кишвар аз фашистон иштирок намуда, борҳо дучори таркиши норинҷакҳо шудаанд. Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз ин танкҳоро, тавассути қатора ба Душанбе оварда ва ба пойгоҳи низомии 201-и Русия интиқол дода шуд.

Ба иттилои ҷаноби Шерматов, баъдан дар соли 1985 бо қарори ҳукумати иҷроияи шаҳри Душанбе ҳамчун нишони қаҳрамониҳои мардуми Тоҷикистон дар Майдони Ғалаба гузошта шуд: «Ин танк рамзи фидокориҳои мардуми тоҷикест, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо меҳнат ва маблағҳое, ки дар бисоташон доштанд, барои расидан ба ғалаба кӯмак карданд. Ин танк дар ҷои хеле ба маврид гузошта шудааст ва милаи он, ки ба тарафи Ғарб аст, ки ҳушдор медиҳад, ба кишвари мо барои ҷанг наоед.»

Аммо тавре аз хотираҳои худи ширкатдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бармеояд, дар барои интихоби маҳалли гузоштани ин танк баҳсҳо зиёд будааст ва ҳатто дар рӯзномаи «Вечерний Душанбе» ҳам дар ин робита озмун эълон шудааст. Вале баъдан бо пешниҳоди якдилони собиқадарони ҷанг барои танк "Майдони Ғалаба" интихоб шудааст, зеро бо ворид шудан ба ин қисмати марказии шаҳр, он зуд ба чашм намоён мегардад.
Танке ки дар маркази Душанбе аст рамзи чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Бо он ки дар рӯи ин танк на теъдоди танкҳои Ҷанги Ҷахонии Дуввум, ки бо маблағҳои мардуми Тоҷикистон сохта шуд, балки танҳо рақами 201 дарҷ ёфтааст, бархе аз сокинони пойтахт онро чун рамзи Артиши Русия таллақӣ мекунанд.

Бо ин ҳама равоншиносон мегӯянд, ба чашм расидани ин танк дар маркази Душанбе ба зеҳни мардум вобаста ба шуури онҳо таъсири яксон надорад. Бархе агар ин муҷассамаро ҳамчун нишони куштору хунрезӣ қабул кунад, теъдоде ҳам онро ҳамчун нишони ҷасорат ва омода будан ба ҳифзи ватан мепиндоранд..

Аз ҷумла Латофат Назирова, равоншиноси тоҷик меафзояд, албатта ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ҳастанд душманоне, ки ба ин сарзамин метавонанд даст дароз кунанд. Аз ин хотир ин рамз аз ҷиҳати равонӣ барои омода будан ба ҳаргуна ҳолатҳо кӯмак мекунад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG