Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ "мусолиҳаи миллӣ"-ро ваъда кард


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон мегӯяд, агар вай раиси ҷумҳур интихоб шавад, ҳамаи нируи худро барои “мусолиҳаи воқеӣ” сарф хоҳад кард. 17 апрел Ашраф Ғанӣ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо радиои Озодӣ ин суханонро изҳор дошт.

Аз вай пурсиданд, ки дар сурати интихоб оё вай ҷангсолорони пешин ва мақомоти расмиеро, ки дар ришвахорӣ даст доранд, ба додгоҳ хоҳад кашид, вай гуфт, мардуми Афғонистон “як навъ адолати давраи гузорро мехоҳанд”.

Ашраф Ғанӣ барои мавзеъгириҳои тунди худ бар зидди ҷангсолорон шинохта шудааст. Бисёре аз ин ҷангсолорон дар харобии кишвар дар ҷангҳои дохилӣ даст доранд.

Ашраф Ғанӣ худро аз аз номзадҳои пешсаф дар интихоботи 5 апрел медонад ва бар ин бовар аст, ки дар ин интихобот пируз мешавад. Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот 24 апрел эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG