Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоби як баёзи пур аз сураи намоз?..


Авлодони “сарбадорон” ба оғӯши гурӯҳҳои тундгаро мераванд?

Хабари ширкати ҷавонони тоҷик дар набардҳои Сурия Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистонро ба шаҳри Кӯлоб бурд. Дар як мулоқот бо имом-хатибони маҳаллӣ ӯ гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҷунбишу равияҳои тундгароро шадидан маҳкум кард ва аз ҳозирин хост, ки фарзандону ҷавононро “дар рӯҳияи маҳзаби Имоми Аъзам Абу Ҳанифа тарбия кунанд, зеро ин мазҳаб орӣ аз ҳама ғаразу нопокиҳо ва тундравиҳост”. Раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон таъкид кард, ки дар баробари фаъол шудани гуруҳҳое тундраве чун Салафия ва хатари таблиғи ҳарчӣ бештари ақидаҳои онҳо бетараф набошанд, аз андешаҳои бегонаву носолим парҳез кунанд ва аз исломи асл кор бигиранд.

Аз ин пеш Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ҳам дар шаҳри Кӯлоб мулоқотеро бо занону духтарон анҷом дод ва аз гаравидани бархе ҷавонон ба гурӯҳу ҷунбишҳои тундрав изҳори нигаронӣ
Бахтиёр, сокини Кӯлоб, ки дар ҷанги Сурия кушта шудааст
Бахтиёр, сокини Кӯлоб, ки дар ҷанги Сурия кушта шудааст
кард. Ӯ таъкид намуд, ки тайи чаҳор соли ахир дар Тоҷикистон 642 нафар барои фаъолият дар гурӯҳҳои ифротӣ муҷозот шуданд.

Ҳарчанд дар ин мулоқотҳо ба ҷанги Сурия ишорае нашудааст, таҳлилгарон сафари оҷили як мақоми аршади ҳукумат ва раиси Шӯрои уламои дин ба Кӯлобро бо паҳн шудани хабарҳо дар бораи ширкати ҷавонони ин минтақа дар набардҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад рабт медиҳанд. Бар пояи хабарҳо, бештари ҷангиёни тоҷик дар Сурия аз минтақаи Кӯлобанд ва дастикам 4 тоҷики кушташуда дар набардҳо дар он кишвари арабӣ низ аз ҳамин минтақа - 3 нафар аз шаҳри Кӯлоб ва якеи дигар аз ноҳияи Восеъ будаанд.

"ҶИҲОД ФАҚАТ ҶАНГ НЕСТ"

Ҳоло коршиносон ба суолҳое посух меҷӯянд, ки чӣ ангезаҳое ҷавонони кӯлобӣ, онҳоеро, ки падару бародаронашон ду даҳсола пеш ба хотири пуштибонӣ аз низоми коммунистӣ алайҳи исломгароҳо ҷангиданд, барои бештар рӯ ба дину мазҳаб овардан ва дар набардҳои мазҳабӣ ширкат кардан таҳрик медиҳанд? Чаро занону духтароне, ки гузаштаҳояшон қарнҳо фаранҷиро тули зиндагӣ фақат як бор – рӯзи арӯсӣ ба бар мекарданд, акнун бидуни сатру рӯсарӣ аз хона берун намераванд? Ва оё воқеъан ҳам Кӯлоби, ба гуфтаи устод Бозор Собир, “сарбадор”, “Кӯлоби завқу хандаву мазза, Кӯлоби ҳаҷву лутфу ситеза, Кӯлоби базму қаҳқаҳаи осмонхарош, Кӯлоби печутоб, Лабҳои ғарқи хандаву чашмони ғарқи об”, “Кӯлоби фавҷ-фавҷи рӯбоӣ, Кӯлоби фавҷ-фавҷи дубайтӣ, Кӯлоби як фалакзании аз фалак баланд” ба оғӯши гурӯҳҳои тундгаро меравад?

Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки тундгароии ҷавонони кӯлобӣ ангезаҳои иҷтимоӣ дорад, ба гуфтаи иддае решаҳои онро дар хулқу атвор ва афкори
Ҷумъахон Алимӣ
Ҷумъахон Алимӣ
азалии мардуми мавзеъ бояд ҷуст. Аз нигоҳи Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои таърих ва проректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, яке аз решаҳои асосӣ – фақр аст ва ҷавононе, ки ба Сурия мераванд, шояд ба ин васила мехоҳанд буҷаи хонаводаи худро таъмин кунанд.

Зубайдуллои Розиқ, донишманди илми фиқҳ низ як ангезаи ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияро дар талоши дарёфти маблағ барои таъмини хонавода мебинад. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвари исломӣ аз тарафи як гурӯҳ алайҳи гурӯҳи дигари исломӣ ҷангидан баёнгари соддагиву нофаҳмии бархе аз пайравони дини Муҳаммад Саллалоҳи алайҳи вассаллам аст. Ба вижа, ба хотири пул даст ба ин амал задан ба ҳеҷ ваҷҳ раво нест. Зубайдуллои Розиқ меафзояд, ки ҷиҳод “фикрӣ”, “ақидатӣ”, “қаламӣ”, суханӣ” мешавад, яъне агар мусалмон ба ҳар роҳе барои дифоъ аз диёру манзилу пайвандҳо ва дини худ ҷаҳд кунад, ин ҷиҳод аст. Ба гуфтаи донишманд, ҷиҳод фақат силоҳ гирифта ҷангидан нест. “Бигирем, як ҷомеъаи мусалмонон барои рушди иқтисодӣ азхудгузариҳо мекунад, яъне молашро ва вақташро сарф мекунаду заҳмат мекашад, ё барои покии ахлоқи ҷомеъа ҷаҳд мекунад, инро метавон ҷиҳод номид”, мегӯяд ӯ.

Саидиброҳими Назар, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, мегӯяд, воқеан, дидгоҳи мардуми Кӯлоб аз он дидгоҳе, ки 20 соли пеш доштанд, тавофут дорад. "Мардуми Кӯлоб то ҷое, ки мешиносам, дар ҳар роҳе, ки мераванд, хеле содиқанд. Аммо дар айни замон зудбовару
Саидиброҳими Назар
Саидиброҳими Назар
ҳассосанд. Вақте ки имон меоранд, имони софу поку беолоиш доранд. Гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз ин истифода xмекунанд, ки “вақте ту мусулмон ҳастӣ, биё, ҷиҳод кун, мутаасифона, ҷавонон он тарафи сикка, яъне он тарафи қазияро намедонанд, ки об дар осиёби кӣ мерезад”, мегӯяд ӯ.

Аммо Муҳаммадшариф Набизода, раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, ки бархе аз расонаҳо тундравии ҷавонони кӯлобиро хело бузургтар аз асл нишон медиҳанд, дар ҳоле, ки ҳузури гурӯҳҳои ифротгаро дар дигар манотиқи Тоҷикистон назар ба Кӯлоб чашмрастар аст. Ба гуфтаи ӯ мардуми Кӯлоб ҳамеша ба дини ислом содиқ буданд ва намунааш ҳамон муҳаббати вижаи мардум ба Мир Сайид Алии Ҳамадонист, ки оромгоҳаш дар ин шаҳр ҷойгир аст ва мардум ҳатто замони шӯравӣ ба номи “Ҳазрати Амирҷон” қасам мехӯрданд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, бар асари саддгузориҳо ва бастани мадрасаҳо аз маърифати мазҳабӣ дур мондани ҷавонон боис мешавад, ки бархе аз онҳо ба осонӣ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ биафтанд.

ҒАЮРУ ШУҶОЪ, АММО ЗУДБОВАРУ ЭҲСОСОТӢ?

Аз нигоҳи Ҷумъахон Алимӣ, донишманди тоҷик, ҳам омили дигари тундгаро шудани бархе аз ҷавонони кӯлобӣ – гурӯҳҳои ифротиеанд, ки аз назари ҳукумат пинҳон мондаанд. Ӯ ҳадс мезанад, ки ин гурӯҳҳо миёни ҷавонони раҳгумзада ва зудбовар таблиғот бурда, дар мағзи онҳо ақидаҳои тундгароёнаро ҷой кардаанд, ҳарчанд мардуми Кӯлоб, ба гуфтаи донишманди тоҷик, дар маҷмӯъ соҳибирода аст.

Донишманд бо он ақидаи Сайидиброҳими Назар мувофиқ аст, ки кӯлобиҳо аз мардуми дигар мавзеъҳо бо “хислату кирдору атвори экспрессивӣ-эҳсосотӣ” фарқ мекунанд, яъне “агар шахсе пайдо шавад, ки ба торҳои нозуки ҷавонони Кӯлоб бо ягон ҳадафу мақсад нохун занад, онҳо метавонанд на аз пайи таҳлил, балки аз пайи эҳсосот шаванд ва то расидан ба ҳадаф аз масир берун пой намегузоранд". Ба гуфтаи Ҷумъахон Алимӣ, таърих ҳам гувоҳ аст, ки мардуми Хуталон ё Кӯлоби имрӯз аз қадим ғаюру саркаш буданд ва арабҳо фақат баъд аз 37 соли тобеъ кардани дигар манотиқи Мовароуннаҳр ва дар талоши саввум, ки воқеъан хунбор буд, тавонистанд ин мардумро ром ва дини исломро болои онҳо таҳмил кунанд.

Зафари Мирзоиён, донишманд ва мардумшиноси тоҷик, ки солҳо боз феълу атвори сокинони Кӯлобро омӯхтаааст, мегӯяд, “дар ин мардум ғаюрӣ ва ғайрате ниҳон аст, агар касе ба сари он бо шамшер ояд ва андешаи худро таҳмил карданӣ шавад, ба ҳеҷ ваҷҳ таҳаммул намекунанд”. Ба гуфтаи ӯ, на фақат замони омадани арабҳо ба минтақа, балки қарнҳои баъд, аз ҷумла, замони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳам ин гуна бархӯрд доштанд. Зафари Мирзоиён
Зафари Мирзоиён
Зафари Мирзоиён
меафзояд, ҳарчанд замони шӯравӣ дар Кӯлоб комунистҳои “суп-сурх” зиёд буданд, давлат ба ин мардум фақат барои ғаюрияшон эътимоди пурра надошт ва солҳои тулонӣ ҳам котиби аввали ҳизби коммунисти вилоят, ҳам сарони милисаву амнияту додситонӣ – намояндагони дигар маҳаллаҳои Тоҷикистон таъин мешуданд. Зимнан, меафзояд таҳлилгар, манғитиҳо аз ин ғаюрии кӯлобиҳо истифода мебурданд ва дар аморати Бухоро қозиву шаҳнаву миршабҳои пойтахт аз Кӯлоб буданд, аз ҷумла, бобои нависандаи маъруфи шӯравӣ Ҷалол Икромӣ зодаи рустои Хуҷа Халили Ховалинг буд.

Аммо ӯ ҳам эҳтимоли аз зудбовариву содиқӣ ва эҳсосотӣ будани ҷавонони кӯлобӣ сӯиистифода кардани бархе аз гурӯҳҳои ифротгароро истисно намедонад. Зафари Мирзоиён афзоиши ҷавонони тундравро шикасти сиёсати ҳукумат мехонад, ки талошҳояш барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатто аз мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ бозхондани садҳо ҷавони тоҷик ноком шуд.

Аз нигоҳи донишманди тоҷик афзоиши мазҳабгароӣ бо вазъи бӯҳронии фарҳанг дар Тоҷикистон ҳам бастагӣ дорад. Коҳиши таваҷҷуҳ ба театру синамо, тақрибан аз байн рафтани маҳфилҳои фарҳангиву адабӣ, баргузории намоишгоҳҳои наққошони маъруф ба афкори мардум бетаъсир намондааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонон соле як бор ба театр ё ба ягон намоишгоҳ намераванд, аммо ҳар рӯз дар масҷид намоз мегузоранд. Ва баъзан онҳо аз масҷид он ваҷоҳате берун мешаванд, ки мепиндорӣ барои латукӯби одамони “бенамоз” розиянд, "ҳарчанд шахсе, ки аз масҷид берун мешавад, бояд чеҳрааш нуронитар бошад, зеро он ҷо бояд аз Ишқи Худо ва муҳаббат ба ҳамдигар ҳарф зада бошанд".

БАДАХШИҲО ҲАМ ҲИҶОБ БА БАР МЕКУНАНД?

Зафари Мирзоён мегӯяд, ки воқеъан ҳам тамоюл ба дин дар Кӯлоб рӯшан ба чашм мерасад ва як намунааш теъдоди бузурги духтарҳои ҳиҷобпӯшанд, ҳарчанд қарнҳо мардуми ин минтақа аз ҳиҷобу фаранҷӣ парҳез доштанд. Дар шаҳру рустоҳо занону духтарон фақат рӯмол ба сар мекарданд ва чеҳраи худро пинҳон намекарданд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, сатрпӯшӣ миёни духтарон ба истилоҳ “мӯд” шудааст, аз як сӯ онҳо, ба хусус духтарони синни балоғат мехоҳанд худро мӯъмину мусалмон ҷилва диҳанд, ҳарчанд теъдоди ками онҳо намоз мегузоранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Зафари Мирзоиён, дар сатрпӯшӣ таннозие низ ниҳон аст, сатр ҳусни баъзе аз духтаронро меафзояд ва нуқсҳои бархеи дигарро мепӯшонад.

Аммо Муҳаммадшариф Набизода, бо ин ақида комилан мухолиф аст ва мегӯяд, сатрпӯшӣ баёнгари оқибат аз маърифати исломӣ бархурдор шудани занону духтарон аст, маърифате, ки солҳои шӯравӣ аз он ҳама мардум маҳрум монда буданд.

Зимнан, сатру ҳиҷобпӯшӣ дар дигар мавзеъҳои Тоҷикистон, ки садсолаҳо занону духтарон фақат рӯмол ба сар мекарданд, низ маъмулӣ мешавад. Мирзоҳасан Гулов, сокини шаҳраки Бӯстон, мегӯяд, ки солҳои ахир дар
Қурбони Аламшо
Қурбони Аламшо
Масчо низ ягон-ягон занону духтарони сатру ҳиҷобпӯш пайдо шудаанд. Аз нигоҳи ӯ, дар Масчо ва аз ҷумла, Масчои кӯҳӣ, духтарон фаранҷиро фақат як бор - рӯзи тӯй ба бар мекарданд. “Вале дар поёни Масчо, дар колхози Озодӣ ё Ленини пешин занҳо “саргирак” доштанд ва ин анъана аз Панҷакент ва водии Фарғона ба ин мавзеъ ворид шудааст, Саргирак – асосан куртаи шавҳар аст, ки занҳо болои сар андохта аз хона берун мешуданд”.

Мирзоҳасан меафзояд, ки солҳои аввали шӯравӣ дар Самарқанду Хуҷанду Истаравшан занон “фаранҷипартоӣ” карданд ва аммо ин гуна маросим дар Мастчоҳ баргузор нашуд, зеро ниёзе ба он набуд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, сатру ҳиҷобпӯш шудани занону духтарон бештар таъсири гурӯҳҳои ваҳҳобиву салафӣ ва афродест, ки солҳои ахир ба Дубай ва Арабистони Саудӣ равуо доранд.

Қурбони Аламшоҳ, хабарнигори тоҷик мегӯяд, ки дар шаҳри Хоруғ духтарони ҳиҷобпӯш нестанд, аммо дар Душанбе духтарони сатрпӯши бадахширо вохӯрдааст. Ба гуфтаи ӯ, Исмоилия назар ба дигар ҷараёну мазҳабҳо ба зан озодии бештар додааст ва аз ин рӯ дар ҳеҷ давру замон бонувони бадахшӣ фаранҷӣ ё ҳиҷоб ба сар накардаанд ва дар сар фақат рӯмоли пашмин доштанд. Имрӯз ҳам занҳои бадахшӣ рӯмолҳои зебои аз пашми гусфанду бӯзи ангорӣ бофтаи худро ба сар мекунанд. Қурбони Аламшоҳ меафзояд, ки дар хонаводаи бадахшӣ мавқеъи зан ҳатто аз мард болотар аст, зеро ҷойи ӯ канори танӯр ва назди орду гандум аст ва аз ин рӯ бадахшиҳо занро нигаҳбони оташи манзил мехонанд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG