Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се Толиб аз зиндони Маймана фирор кардаанд


Се шӯришии Толиб бо истифода аз таппонча ва бами дастӣ, ки дар зиндон дуздидаанд, аз зиндон фирор кардаанд. Аҳмад Ҷовид Дидор-сухангӯи волии вилояти Форёб гуфт, ин се нафар шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар шаҳри Маймана-маркази вилоят зиндонро рахна ва аз он ҷо фирор кардаанд.

Дар ҷараёни фирори онҳо тирандозӣ сурат гирифтааст ва дар ин тирандозӣ ду зиндонбон ва як фирории дигар кушта шудаанд. Дидор гуфтааст, ки зиндониёни фирорӣ Толибони маъмулӣ будаанд ва барои бамгузорӣ дар роҳҳо боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи вай, амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти фирориён оғоз шудааст. Толибон ин ҳодисаро таъйид кардаанд.
XS
SM
MD
LG