Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравҳо даъватҳоро қабул надоранд


Денис Пушилин
Денис Пушилин
Тундравҳои ҷонибдори Русия, ки биноҳои ҳукуматиро дар Донетск ишғол кардаанд, мегӯянд, онҳо ин биноҳоро замоне тарк мекунанд, ки агар ҳукумати ғарбгарои Киев истеъфо диҳад. Денис Пушилин-раҳбари худхондаи тундравҳои Донетск 18 апрел ба рӯзноманигорон гуфт, ки афроди зери раҳбарии вай созишномаи байни Русия ва Украина дар Женевро дар бораи халъи силоҳи ҷонибдорони Русия ва холӣ кардани биноҳои ҳукуматӣ эътироф намекунанд, чунки онҳо ҷониби музокира дониста намешаванд.

17 апрел дар музокироти чаҳорҷонибаи миёни Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва Украинаву Русия ин созишнома ба даст омада буд.

Матбуоти маҳаллӣ гузориш додааст, ки аз биноҳои ишғолшуда то ҳол ҳеҷ яке холӣ нашудааст. Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина 18 апрел дар ҷаласаи порламон гуфт, ҳукумат дар бораи афви афроде, ки дар ишғоли биноҳо даст доранд, тарҳи қонунеро омода кардааст. Ин афв ба ононе тааллуқ дорад, ки биноҳоро холӣ мекунанд ва силоҳҳои худро месупоранд.
XS
SM
MD
LG