Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қирғизистон 4 сол боз дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунад"


Ҷооматр Оторбаев, нахуствазири Қирғизистон
Ҷооматр Оторбаев, нахуствазири Қирғизистон

Ҷоомарт Оторбаев, нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ки мардуми кишвараш аз чаҳор сол ба ин сӯ дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунанд.

Вай дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши қирғизии радиои “Озодӣ” гуфт, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки барои рушди иқтисод демократия беҳтарин низом аст. Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки Қирғизистон барои даромадан ба Иттиҳодияи гумрукӣ музокира анҷом медиҳад. Вай изҳор доштааст, ки ҳукуматҳои пешин иштибоҳҳо содир кардаанд ва ҳадафи ҳукумати зери раҳбарии вай, ба вуҷуд овардани фазои хуби сармоягузорӣ дар Қирғизистон аст.

Вале ёддошти тафоҳуме, ки вай роҷеъ ба фурудгоҳи “Манас” бо Русия имзо кардааст, боиси интиқоди шадид шудааст ва баҳсҳоеро барангехтааст, зеро он эътибори ҳуқуқӣ надорад. Ба суоле дар ин бора, ки оё Русия яке аз сармоягузорони беҳтарини ин фурудгоҳ аст, оқои Оторбаев чунин посух дод:

Оторбаев: Ман пештар гуфтам, ки зербино яке аз бартариҳои мо мебошад. Мо ба баҳр роҳҳои обӣ надорем. Барои ҳамин бояд ба роҳҳои ҳавоӣ бештар таваҷҷӯҳ кунем. Вале барои рушди ин соҳа, мо дар будҷа маблағ надорем. Бино ба ҳисобҳо, барои фурудгоҳҳо миллиард доллар зарур аст. Мо замоне ба фурудгоҳи “Манас” дастур дода будем, ки сармоягузор пайдо кунанд. То ҳол аз 8 ширкат пешниҳод ворид шудааст. Онҳо давлатӣ нестанд, хусусӣ мебошанд. Дар миёни хоҳишмандон ”Роснефт” ҳам ҳаст. Музокироти мо бо онҳо идома дорад. Бо вуҷуди ин, на ҳукумат, на вазорати нақлиёту мухобирот ягон қарор қабул накардаанд. Мо ҳамаи пешниҳодҳои хуби сармоягузоронро меомӯзем, пешниҳодҳои худро матраҳ мекунем ва онро барои баррасӣ ба Жогорку Кенеш (порламон) пешниҳод менамоем. Фурудгоҳҳо объектҳои стратегӣ мебошанд, ба ин сабаб мо танҳо баъди тасдиқи Жогорку Кенеш қарор қабул мекунем. Қонун ҳамин тавр аст.

Озодӣ: Мо метавонем бигӯем, ки раванди даромадани Қирғизистон ба Иттиҳодияи гумрукӣ ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст? Оё ҳамаи ҷиҳатҳои мусбат ва манфии ин ҳамгароӣ омӯхта шудааст?

Оторбаев: Мо аз як сол ба ин сӯ роҷеъ ба «Харитаи роҳ» музокираро бо созмондиҳандагони Иттиҳодияи гумрукӣ идома медиҳем. “Харитаи роҳ” 95 дарсад омода шудааст. Баъзе масъалаҳо мондаанд, ки дар ояндаи наздик ҳал мекунем. Агар “Харитаи роҳ”-ро имзо кунем, онро барои баррасӣ ба Жогорку Кенеш ва мардум пешниҳод хоҳем кард. Танҳо баъд аз ризояти онҳо мо метавонем коре анҷом диҳем. Ин иқдоми хуби ҳукумат хоҳад буд. Фазои сармоягузорӣ беҳтар мешавад, бозори умумӣ барои 170 миллион нафар аҳолӣ боз мешавад. Агар марзҳо боз шаванд, сармоягузорон бештар хоҳанд шуд. Онҳо барои мо ширкатҳо боз мекунанд, маҳсулот бештар мешавад. Омили иҷтимоӣ низ дорад. Ширкатҳои мо доимо шикоят мекунанд, ки иҷозаи аз марз гузаронидани маҳсулоти онҳоро намедиҳанд. Агар Қирғизистон ба Иттиҳодияи гумрукӣ дарояд, онҳо метавонанд бидуни мамониат моли худро аз марз гузаронанд. Ин барои мо иқдоми дуруст аст, чунки бештари аҳолии мо дар деҳот ба сар мебаранд. Гузашта аз ин, даромадан ба Иттиҳодияи гумрукӣ ба вазъи муҳоҷирони кории мо таъсири мусбат хоҳад дошт. Худо кунад, ки зиндагии онҳо осон шавад. Вале мо давлати демократӣ ҳастем. Мо бояд барои ин кор ризояти мардумро бигирем.

Озодӣ: Баъзе аз қисматҳои “Харитаи роҳ” баҳсҳоро ба миён овардааст. Ҳукумат баъзе хатарҳоро ба инобат мегирад?

Оторбаев: Ҳоло касе ин санадро надидааст. Мо то ҳол худамон ҳам то ба ахир нарасидаем. Вале аз ҳоло дар бораи “Харитаи роҳ” баҳсҳо пеш омадааст. Ин далели чӣ аст? Далели он аст, ки мо воқеан дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем. Бо вуҷуди он ки то ҳоло нусхаи расмии ин санад вуҷуд надорад, мардум ва Жогорку Кенеш онро фаъолона баррасӣ мекунанд. Ман ва аъзои дигари ҳукумат бо маҳофили иҷтимоӣ гуфтугӯ мекунем ва ба онҳо дар бораи усули аслии он тавзеҳот медиҳем. Баъзеҳо мегӯянд, ки пул камарзиш мешавад. Таваррум меафзояд. Вале байни нархҳои мо ва нархҳои бозори кишварҳои Иттиҳодияи гумрукӣ фарқи зиёд вуҷуд надорад. Фақат гӯшт дар мо аз 20 то 30 дарсад арзонтар аст.
XS
SM
MD
LG