Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи СММ дар Тоҷикистон


Дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Зуев, ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон, масоили ҳамкориҳои ин созмон бо Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикстон хабар доданд, ки дар мулоқоти Раҳмон бо Зуевр, ки имрӯз, 18-уми апрел дар Душанбе баргузор шуд, ҳамчунин доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баррасӣ шудааст. «Александр Зуев доир ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соли 2013 ва нақшаҳо барои соли равон гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки бунёди озмоишгоҳи инноватсионии бемориҳои сироятӣ ва се шифохонаи бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи маориф ва идомаи безарарсозии мина ва дигар моддаҳои тарканда, ки дар гӯшаҳои алоҳидаи Тоҷикистон аз замони муноқишаҳои дохилӣ боқӣ мондаанд, аз натиҷаҳои асосии ҳамкории муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон аст.», гуфт манбаъ. Александр Зуев ҳамчунин гуфтааст, ки бо истифода аз роҳҳои нави безаргардонии моддаҳои тарканда дар соли 2013 нисбат ба 8 соли пеш 40% зиёд корҳо анҷом шудаанд.
XS
SM
MD
LG