Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон аз нафақаи иҷтимоӣ бархӯрдор хоҳанд шуд


Мақомоти Тоҷикистон санадеро ба ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки тибқи он дар сурати ба мувофиқа омадан, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз нафақаи иҷтимоии он кишвар бархурдор шаванд. Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 18-уми апрел ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки айни замон, «тибқи иттилои Вазорати тандурусти Тоҷикистон ҳуҷҷати мазкур дар сатҳи мувофиқаи байнидавлатӣ қарор дорад.» Ба гуфтаи Абдуллоҳи Қодирӣ, яке аз масъалаҳои баҳсталаб ба суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи тиббӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Абдуллоҳи Қодирӣ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми ба синни нафақа расидан ва дар сурати зисти доимӣ доштан дар ҳудуди Русия ҳуқуқ доранд соҳиби нафақаи ин давлат гарданд. Аммо аксари шаҳрвандони тоҷик, ки «тариқи иҷозат барои кор дар Русия муваққатан фаъолияти корӣ менамоянд ва пардохтҳои заруриро ба фонди нафақаи ин давлат месупоранд, бинобар набудани созишномаи байнидавлатӣ, аз ин имтиёз маҳруманд». Ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, дар сурати имзо шудани ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия доимӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз нафақаи он кишвар бархӯрдор шаванд.
XS
SM
MD
LG