Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон Иттиҳоди Гумрукиро "муфид" медонад


Ҷумарт Оторбоев, нахуствазири Қирғизистон, мегӯяд, пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русия “кори дуруст” мешавад, зеро дар ҳалли мушкилоти фаровони иқтисодиву иҷтимоии Қирғизистон кӯмак хоҳад кард. Ҷумарт Оторбоев, рӯзи 17 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба истиснои тилло, дигар тавлидоти Қирғизистон ба Русияву Белорус ва Қазоқистон кишварҳои узви Иттиҳоди Гумрукӣ содир мешавад, аз ин рӯ бастани марз ба рӯи он кишварҳо хато мебуд. Ҷумарт Оторбоев афзуд, дар сурати пайвастан ба ин созмон, фазои сармоягузорӣ дар Қирғизистон беҳтар мешавад ва кишоварзиву коркарди маҳсулоти ин соҳа пешрафт мекунад. Русия саъй дорад, баъзе аз кишварҳои шӯравии собиқро ба Иттиҳоди Гумрукӣ шомил кунад ва мехоҳад, дар заминаи ин созмон соли 2015 шабеҳи Иттиҳодияи Аврупо, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро таъсис диҳад.
XS
SM
MD
LG