Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ «Ҳафт Ганҷ»-ро барҳам дод


Бонки миллии Тоҷикистон ба далели зиёновар буданашон муҷаввизи ширкатҳои қарзии «Субҳи Урметан» ва «Ҳафт Ганҷ»-ро боз хонд. Дафтари матбуоти Бонки милии Тоҷикистон рӯзи 17 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод имрӯз ба сабаби муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва зиёновар буданашон ду бонк ё худ ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти қарзии хурди “Субҳи Урметан” ва шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди “Ҳафт Ганҷ”-ро боз хонд. Бонки миллӣ мегӯяд, аснод ҷиҳати барҳам додани ин ду созмони молӣ ба додгоҳ ироа шудааст.
XS
SM
MD
LG