Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озода Раҳмонова Раҳмон Озодаи Эмомалӣ шудааст


Озодаи Эмомалӣ
Озодаи Эмомалӣ
Бино ба хабарҳо, духтари калонии президенти Тоҷикистон Озода Раҳмонова, ки дар мақоми муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон кор мекунад, номи худро ба Раҳмон Озодаи Эмомалӣ иваз кардааст. Табдили номи Раҳмон Озодаи Эмомалӣ дар идомаи мавҷи нави гузаштани мансабдорони баландпояи тоҷик ба номҳои хонаводагии тоҷикист. Мавҷи аввали ин маърака дар соли 2007 баъди аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон иваз шудани исми раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз ёфт. Мавҷи аввали номивазкуниҳо баъди интиқодоти зиёд дар матбуоти Русия хомӯш шуд. Вале аз аввали соли 2014 дар Тоҷикистон мавҷи нави табдили номҳои хонаводагии мансабдорони тоҷик мушоҳида мешавад. Имсол аз ҷумла раиси Оҷонсии зиддифасод номашро аз Фаттоҳ Саидов ба Абдуфаттоҳи Ғоиб иваз кард ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов Қосими Роҳбар шуд.
XS
SM
MD
LG