Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов салоҳиятҳояшро кам кард


Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, қонунеро имзо кард, ки салоҳиятҳои ҳукумат ва нахуствазирро бештар мекунад. Бар асоси ин санад, Каримов рӯзи 17 апрел ба имзо расонд, аз ин баъд раисони вилоят ва шаҳри Тошкандро на худи раиси ҷумҳур, балки нахуствазир таъйин мекунад. Ҳамчунин порлумони Узбакистон ҳақ пайдо кард, фаъолиятҳои ҳукуматро назорат кунад ва нахуствазир бояд аз кори худу ҳукумат ба порлумон гузориш диҳад. Бар асоси ислоҳоти нав ба Қонуни Асосӣ, аз ин баъд номзад ба мақоми нахуствазири Узбакистон бояд аз тарафи порлумон ҳам таъйид шавад. Порлумон ҳамчунин салоҳиятҳои эълони раъйи эътимод ба ҳукумат ва ширкат дар ташкили Кумиссиёни Марказии Интихоботро соҳиб шуд. Аксари ин салоҳиятҳо то кунун дар дасти раиси ҷумҳур Ислом Каримов буд, ки бештар аз 20 сол аст, Узбакистонро ба мушти оҳанин идора мекунад.
XS
SM
MD
LG