Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мегӯяд, иддаоҳо дар бораи Русия пуч аст


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар суолу ҷавоби маъмулӣ ва солонаи худ бо мардуми кишвараш гуфт, иддаоҳо дар бораи даст доштани Русия дар нооромиҳои шарқи Украина «пуч» аст. Дар ин муколама, ки аз тариқи телевизионҳои давлатии Русия идома дорад, Владимир Путин умдатан дар бораи ҳодисаҳои Украина ва нимҷазираи Қрим сӯҳбат мекунад, ки чанд пеш Русия онро аз Украина гирифт. Суолу ҷавоби Владимир Путин бо ҷомеаи Русия дар замоне сурат мегирад, ки бӯҳрон дар шарқи Украина шиддат мегирад ва ҷудоихоҳони Русиягаро қароргоҳҳои ҳукуматии ин шаҳрҳоро ишғол мекунанд. Владимир Путин дар ин бора гуфт, ки мақомоти Украина бояд бо мардуми русзабони ин минтақа сари мизи музокирот бинишинад. Ба гуфтаи ӯ, мардуми ҷанубушарқи Украина баъди ба қавли ӯ, «табаддулоти ғайриконститутсионӣ» дар Киев аз ояндаи худ нигарон шудаанд. Ба гуфтаи Владимир Путин, мақомоти Украина ба ҷойи муколама ба он минтақа тонкҳоро фиристодаанд. Вай афзуд, ки Русия барномаи аз худ кардани Қримро надошт ва баъди раъйпурсии умумӣ дар ин Ҷумҳурии Мухтори Украина, Русия илоҷе барои аз худ карданаш надошт.
XS
SM
MD
LG