Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи мусофирони киштии Куриёи Ҷанубӣ идома дорад


Ҷустуҷӯи 290 мусофири бенишоншудаи киштии вожгуншуда дар Куриёи Ҷанубӣ ҳамчунон идома дорад, ҳарчанд борону ҳавои тира кори маъмурони наҷотро сахт кардааст. То кунун 179 мусофири киштиро наҷот доданд ва марги 9 нафар дар фалокат таъйид шудааст. Киштии мусофирбари Куриёи Ҷанубӣ бо 460 мусофиру маллоҳ рӯзи 16 апрел дар наздикиҳои соҳилҳои шимолуғарбии он кишвар вожгун шуд. Бештар аз 300 нафари мусофирон, донишандӯзони мактабҳои миёна ва омӯзгорон буданд. Мақомоти расмӣ ҳанӯз намедонанд, ки чаро ин киштии бузург ғарқ шудааст.
XS
SM
MD
LG