Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Украина дар Женева баррасӣ мешавад


Мақомоти Амрико, Русия ва Украина ва Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар шаҳри Женева бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунанд. Мулоқот дар замоне сурат мегирад, ки ҷудоихоҳони русгаро дар чанде аз шаҳрҳои шарқии Украина мавқеъҳои худро мустаҳкамтар мекунанд. Рӯзи 16-уми апрел ҷудоихоҳон дар шаҳри Краматорск шаш мошини зиреҳпӯши нерӯҳои Украиниро ҳамроҳ бо сарбозонаш гирифтанд. Онҳо ҳамчунин қароргоҳи шаҳри ҳукумати Донетскро тасарруф карданд. Баъди вуруд ба шаҳри Женева, Андрий Дешитса, вазири муваққати умури хориҷии Украина, гуфт, ки аз Русия талаб хоҳад кард, ки ҳимоят аз “фаъолиятҳои террористиро” дар кишвараш бас карда ва нерӯҳояшро аз марзи Украина ақиб кашад. Андрий Дешиста афзуд, ҳукумати кишвараш омодаи гуфтугӯ бо Русия аст, вале Маскав ҳақ надорад, ба онҳо дикта кунад, ки чӣ гуна Украинаро мудирият кунанд. Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ, вазирони умури хориҷии Русия ва Амрико дар музокироти шаҳри Женева ширкат мекунанд. Нишаст то як соати дигар шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG