Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташрифи як ҳайати мақомоти қудратии Чин ба Тоҷикистон


Дафтари матбуоти dазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки як ҳайати баландпояи вазорати бехатараии ҷамъиятии Чин таҳти сарварии Го Шенкун раиси Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҷаноби Го Шенкунро дар ин сафар муовини вазири амнияти миллии ин кишвар, Ма Тсзян, муовини вазири корҳои хориҷӣ Се Ханшэн, муовини вазири бехатарии ҷамъиятӣ Ли Вэй ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар доираи ин сафар ҳайати мақомоти қудрати Чин таҳти сарварии Го Шенкун, вазири бехатарии ҷамъиятии дар ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ширкат мекунанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар ҳайати мақомоти Чин бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кунанд. Дар поёни сафар рӯзи 18-уми апрел дар назар аст ҳайати намояндагони Чин бо роҳбарии аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Го Шенкун бо Рамазони Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG