Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наливайченко: Дар Украина 23 ҷосуси рус боздошт шудааст


Парлумони Украина ҳамроҳ бо раҳбарони вазорати умури дохилӣ, вазорати дифоъ ва Шӯрои амният рӯзи чаҳоршанбе, 16 апрел, пушти дарҳои баста тарҳи эътидоли авзоъ дар шарқи кишварро таҳия кард.

Дар ин бора ба хабаргузориҳо раҳбари ҳизби "УДАР" Виталий Кличко хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз муҳимтар аз ҳама сӯҳбат бо мардуми манотиқи шарқии Украина ва ироаи иттилои дуруст ба онҳост.

Виталий Кличко афзуд, ки агар вазъ рӯзҳои наздик тағйир нахӯрад, Верховная Рада мавзӯъи ҷорӣ кардани вазъи изтирорӣ дар вилоятҳои шарқиро баррасӣ хоҳад кард.

Раиси Хадамоти амнияти Украина Валентин Наливайченко дар нишасти пушти дарҳои бастаи парлумон дар бораи боздошти 23 афсари ГРУ ё Сарраёсати ҷосуси Русия хабар дод, Ба гуфтаи ӯ, ин шабакаи ҷосусӣ дар Украина тайи ду-се соли ахир фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG