Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ҳузураш дар шарқи Аврупоро тақвият мебахшад


Андерс фог Расмуссен
Андерс фог Расмуссен
Паймони НАТО ҳузури низомияш дар шарқи Аврупоро дар робита ба бӯҳрони Украина тақвият мебахшад. Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли Паймон, рӯзи чаҳоршанбе, 16 апрел, дар нишасти Шӯрои НАТО дар Брюссел ба “ҳавопаймоҳои бештар дар ҳаво, киштҳои бештар дар баҳр ва омодагии бештар дар замин” таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, ба зудӣ НАТО назорати ҳарими ҳавоии шарқи Аврупоро таҳким бахшида, киштиҳояшро ба баҳрҳои Балтик ва Миёназамин мефиристад.

Андерс фог Расмуссен афзуд, ки аз ин чораҳо дар чаҳорчӯби ӯҳдадориҳои кишварҳои узви НАТО кор гирифта мешавад ва онҳо барои таъмини амнияти кишварҳои узви Паймон заруранд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки мулоқот оид ба бӯҳрони Украина дар Женева пойдеворе барои ҳалли сиёсии бӯҳрон дар ин кишвар хоҳад шуд. Қарор аст ки ин нишасти "чаҳоргона" – Украина, Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА оид ба бӯҳрон дар Украина рӯзи панҷшанбе, 17 апрел, баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG