Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду кӯдак аз боронгариҳо дар ноҳияи Хуросон


Бар асри боришоти ва селхезӣ дар ноҳияи Хуросон, воқеъ дар 70-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон, ду кӯдак ба ҳалокат расида, 170 манзили зист тахриб шудааст.

Наргис Нурова, корманди дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки тақрибан дар соати 14:30 дақиқаи имрӯз, 16-уми апрел, бар асри боришоти зиёд дар куҳдоманаҳои атроф ба деҳаи «Меҳнатобод»-и ҷамоати Қизилқалъа сел фаромада 170 манзили зистро тахриб кардааст.

Дар натиҷаи тахриб шудани хонаҳо ду кӯдаки хурдсол Абдураҳим Солиеви 2-сола ва Абдураҳмон Набиеви 5-сола ба ҳалокат расидаанд. Феълан дар ҷои ҳодиса гурӯҳи 20 нафараи кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ барои наҷот додани мардум куӯмак карда истодаанд.

Баронгариҳои як ҳафтаи ахир дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ хисороти молӣ ва ҷонӣ дар пай дошт. Офатҳои табиии рӯзҳои 12-13-уми апрел дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 15 кушта бар ҷой гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, 13 нафар дар ноҳияи Шӯрообод, як нафар дар Ҳамадонӣ ва як нафари дигар дар ноҳияи Восеъ ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин, дар пайи ин офат беш аз 200 сар моли майда ва калони шохдори сокинон низ дар ҷамоати Зарбдори Кӯлоб талаф ёфтааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ба зарардидагон дар ноҳияи Шӯрообод 60 хайма ва дар маҷмӯъ ба тамоми зарардидагон маводи зарурии рӯзгор ирсол шудааст. Барои кӯмак ба зарардидагон 22 нафар сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба маҳалли ҳодиса ба Шӯрообод фиристода шудаанд.
XS
SM
MD
LG