Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Федератсия тарҳи дарёфти соддаи шаҳрвандиро пазируфт


Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия, рӯзи чаҳоршанбе, 16 апрел, тарҳи қонун дар бораи дарёфти соддаи шаҳрвандии кишварро пазируфт. Бар пояи ин тарҳ, афроде, ки бо забони русӣ озодона ҳарф мезананд, метавонанд соҳиби шиносномаи Русия шаванд.

Шаҳрвандии хориҷие, ки талоши дарёфти шаҳрвандии Русияро дорад, бояд аз шаҳрвандии кишвари худ даст бардорад. Ба иттилои хабаргузориҳо, афроде, ки авлодашон дар шӯравии собиқ ё дар империяи Русия дар марзҳои феълии Русия ба сар бурдаанд, ҳам метавонанд шаҳрванди Русия шаванд.

Довталабони шиносномаи Русия бояд аз мусоҳиба гузаранд ва чун донандаи забони русӣ эътироф шаванд. Дар мусоҳиба сатҳи дониши довталаб ба инобат гирифта намешавад ва фақат рӯи забондонии ӯ тамаркӯз мешавад.

Ба иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, соли гузашта 135 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ соҳиби шиносномаи Русия шуданд.

Қонун дар бораи дарёфти соддаи шаҳрвандии Русия дар арафаи илҳоқи нимҷазираи Қрим ба Русия таҳия ва барои баррасӣ ба парлумон ироа шуд.
XS
SM
MD
LG