Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кинотеатри «Тоҷикистон» дар Маскав тахриб мешавад


Бо қарори Думаи шаҳри Маскав (Мосгордумы) кинотеатри "Тоҷикистон" дар ноҳияи Строгино тахриб карда шуда, дар ҷои он маркази фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд хоҳад шуд. Евгений Герасимов, раиси Комисияи маҷлиси шаҳри Маскав имрӯз дар нишсти хабарии худ ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст, ки дар тобистони соли равон кинотеатри «Тоҷикистон» тахриб карда шуда, дар ҷои он Маркази фарҳангӣ- фароғатӣ бо истгоҳи мошинҳо сохта мешавад. Тавре студияи телевизиони Москва-24 хабар медиҳад, барои тарҳи Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ тендар эълон шудааст ва қарор аст, то соли 2016 сохтмони он ба итмом расад. Номи марказро сокинони ноҳияи Строгино интихоб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG