Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсини вазир аз хизматрасонии ширкати IRS


Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода, аз фаъолияти ширкати IRS, ки ягона роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷандро зери назорат дорад, изҳори қаноатмандӣ кардааст. Тавре аз вазорати нақлиёт рӯзи 16-уми апрел хабар доданд, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 14-уми апрели ин вазорат гуфтааст, ки «хидмати ширкати IRS шоистаи таҳсин аст». Тибқи хабари ин вазорат бар истиснои «чанд фурсати кӯтоҳ, боқӣ тамоми тирамоҳ ва зимистон роҳҳои нақлиётии ҳудуди ҷумҳурӣ боз буданд.» Ҳамчунин Хайрулло Асозода, вазири нақлиёт гуфтааст, ки «нақлиётчиёни ҷумҳурӣ асосан вазифаҳои худ дар давраи зимистонгузарониро ба таври мусбат иҷро кардаанд.» Вале дар зимнистони имсол дар роҳи мошингарди Душанбе-шимоли кишвар, ки нигаҳбонии он бар зимаи ширкати IRS аст чанд маротиба бар асари масдуд шудани роҳҳо мусофирон дармонданд. Аз ҷумла нимаи дуввуми рӯзи 13-ум то субҳи 14-уми март бинобар масдуд будани роҳ дар минтақаи Такфон то нақби «Шаҳристон», наздики 500 нафар, бо шумули занону кӯдакон банд монда буданд. Ҳамчунин ҳудуди 700 мошин шаби 30-юм ба 31-уми март дар наздикии нақби «Истиқлол» бар асари тармафароӣ банд монданда буданд ва танҳо пас аз чаҳор соат имкони убур пайдо намуданд. Ронандагон мегуфтанд, ки қабл аз гузаштан аз тарозуҳои ширкати IRS онҳоро огоҳ намекунанд, аммо масъулони ин ширкат инро рад карда мегуфтанд, ки онҳо қаблан бо омадани монеа ронандагонро огоҳ мекунанд. Ширкати IRS - масъули пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷандро, ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабтиномшудааст ба яке аз наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон нисбат медиҳанд.
XS
SM
MD
LG