Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди ношинос дар Кобул муовини вазирро рабуданд


Аҳмадшоҳ Ваҳид
Аҳмадшоҳ Ваҳид
Марям Куфӣ, узви парлумони Афғонистон, бар асари сӯиқасди афроди ношинос дар канори манзилаш дар Кобул аз пояш маҷрӯҳ шуд. Муҳаммад Зоҳир, раиси полиси Кобул, рӯзи чаҳоршанбе, 16 апрел, ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки ин ҳодиса шоми сешанбе ба вуқӯъ пайваст ва хонум Марям Куфӣ аз ҳамла ҷон ба саломат бурдааст. Ҷузъиёте дигар дар ин бора ироа нашудааст.

Марям - хоҳари Фавзия Куфӣ, узви парлумон ва аз фаъолои ҳуқуқи башари Афғонистон, ки низ чанд бор мавриди сӯиқасд қарор гирифта буд.

Аз ин пеш хабар дода шуд, ки афроди мусаллаҳи ношинос дар Кобул муовири вазири фавоиди оммаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Ваҳидро рабудаанд.

Масъулияти ҳамла ва одамрабоиро то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG