Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар соҳилҳои Кореяи ҷанубӣ киштии мусофирбар ғарқ шуд


Бар асари дар соҳилҳои Кореяи ҷанубӣ ғарқ шудани як киштии мусофирбар тақрибан 300 нафар беному нишон шудаанд. Мақомоти Сеул рӯзи чаҳоршанбе, 16 апрел, ҳалокати ду нафарро таъид карда гуфтанд, ки 164 нафар наҷот дода шудааст.

Киштӣ бо 477 мусофир субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар соҳилҳои ҷанубу ғарбии Кореяи ҷанубӣ ғарқ шуд. Ба иттилои расонасҳои чопи Сеул, бештари мусофирон – толибилмони яке аз мактабҳои кишвар буданд, ки барои тамошо ба ҷазираи Чеҷу мерафтанд.

Сабабҳои ғарқшавии киштӣ то ҳол маълум нест. Дар амалиёти наҷотбахшӣ 18 чархбол ва 34 киштӣ ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG