Корвони зиреҳпӯшҳои артиши Украина аз ғарб сӯи шаҳри Краматорски вилояти Донетск ҳаракат кард. Ба итттилои хабаргузориҳо, ба ин корвон дасти кам 20 БТР шомил аст.
Дар худи Краматорск дасти кам шаш зиреҳпӯш дар муҳосираи сокинони маҳаллӣ қарор доранд. Айни ҳол низомиён бо шаҳрвандон гуфтушунид мекунанд. Шоми шанбе низомиёни укроинӣ аэродроми шаҳри Краматорскро аз ҷудоихоҳони рустабор озод карданд.
Амалиёти зиддитеррор дар вилояти Донетск баъди он шурӯъ шуд, ки афроди мусаллаҳи рустабор дар чанд шаҳр биноҳои ҳукуматиро ишғол намуданд.
Дар ҳамин ҳол, бар пояи хабарҳо, як корвони мошинҳои зиреҳпӯши низомӣ вориди шаҳри Славянск шуд. Дар зиреҳпӯши аввал парчами Русия насб шудааст.
Рӯзи чаҳоршанбе силоҳбадастони рустабор дар Донетск бинои Шӯрои вакилони шаҳрро тасарруф кардаанд. Дар ин бора сухангӯи Шӯрои вакилони Донетск хабар додааст.
Рӯзи чаҳоршанбе дар Луганск мӯҳлати зарбулаҷали “нерӯҳои мардумӣ” ба ҳукумати Украина ва фармондеҳони артиш поён меёбад. Онҳо талаб доранд, ки артиш пуштибони мардум ё ҳукумат буданашро мушаххас кунад, Киев “ҷунбиши мардуми”-ро эътироф ва ҳама ҷудохоҳони боздоштшударо раҳо намояд. Ҳамзамон онҳо гуфтанд, ки силоҳ ба замин гузоштанӣ нестанд ва биноҳои ишғолкардаро ҳам тарк нахоҳанд кард.