Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндони бадноми Абуғрайби Ироқро мебанданд


Мақомоти Ироқ эълон карданд, ки бо назардошти далоили амниятӣ зиндони бадномшудаи Абуғрайбро мебандад. Вазорати адлияи Ироқ рӯзи 15-уми апрел бо нашри баёнияе гуфт, ки 2400 зиндониро аз Абуғрайб ба зиндонҳои дигар интиқол додаанд. Ба гуфтаи вазорат, “бо назардошти чораҳои эҳтиётии амнияти зиндонҳо” Абуғрайб, ки дар наздикии вилояти Анбор як вилояти ноамни Ироқ ҷойгир аст, баста мешавад. Дар ин вилоят нерӯҳои давлатӣ бо тундравони суннимазҳаб дар Ироқ меҷанганд. Маълум нест, ки зиндон барои муваққат ё ҳамеша баста мешавад. Моҳи июл тундравони исломӣ ба Абуғрайб ва як зиндони дигари Ироқ ҳамла карда ва садҳо нафар аз ҷумла ҳамсафонашонро озод карданд. Абуғрайб дар замони ҳукмронии Саддом Ҳусайн, ҷойи азияти зиндониён будааст ва соли 2003 баъди нашри акси таъбизи зиндониён аз тарафи сарбозони амрикоӣ бадномтар шуд.
XS
SM
MD
LG