Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров пешниҳоди Украинаро "дуруст" хонд


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, пешниҳоди давлати Украина барои муколама бо ҷудоихоҳони Русиягаро дар шарқи он кишвар “як қадам дар роҳи дуруст аст, ҳарчанд бисёр дер бардошта шуд.” Сергей Лавров зимни сафараш дар Пекин рӯзи 15-уми апрел гуфт, истифода аз нерӯ барои ҳалли бӯҳрон дар шарқи Украина, ки ҷудоихоҳон идораҳои ҳукуматии 10 шаҳрро ишғол кардаанд, “ғайриқобили қабул” аст. Айни замон Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина гуфт, ки нерӯҳои кишвараш шаби 15 апрел дар минтақаи Донетск “амалиёти зиддитеррористиро” шурӯъ кардаанд. Ӯ Русияро ба он муттаҳам кард, ки барои ноором кардани манотиқи ҷанубушарқии кишвараш “нақшаҳои золимонае” мекашад. Аз ин пеш Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 14-уми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин аз у хостааст, бо истифода аз нуфузаш дар миёни гурӯҳҳои русгарои мусаллаҳ дар Украина онҳоро ба тарки идораҳои ишғолкардаашон дар шаҳрҳои шарқии Украина моил кунад. Русия мегӯяд, ки дар ин нооромиҳо даст надорад.
XS
SM
MD
LG