Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Қазоқистон хост, қонуни навро ислоҳ кунад


Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Қазоқистон хост, қонунеро ислоҳ кунад, ки ҳангоми вазъи фавқуллода иҷоза медиҳад, озодии сухан ва ҳаққи гирдиҳамоӣ ва ҷамъомад маҳдуд карда шавад. Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вочт рӯзи 15 апрел бо нашри баёнияе гуфт, ки давлати Қазоқистон бояд Қонун дар бораи вазъи фавқуллодаро ислоҳ кунад. Бар асоси ин санад, ки рӯзи 12 апрел ҳукми иҷро гирифт, мақомоти Қазоқистон ҳақ доранд, ҳангоми вазъи фавқуллода, монеъи нашри рӯзномаҳо шаванд, онҳоро барҳам диҳанд ва ё фаъолияти ҳизбҳоро боздоранд ва гирдиҳамоиро мамнӯъ кунанд. Ҳю Вилямсон, мудири дафтари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар, гуфтааст, ки қонуни нав нишондиҳандаи он аст, ки “мақомоти Қазоқистон барои мамнӯъ кардани фаъолияти расонаҳо ва гурӯҳҳои мустақили ҷомеа, ки таҳдид мешуморанд, қодир ба чӣ кор ҳастанд.”
XS
SM
MD
LG