Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Абдулло: "Рақибонамро нодида намегирам"


Абдулло Абдулло, номзади пешсафи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, мегӯяд, дар сурати пирӯзӣ ҳама, аз ҷумла рақибонашро ба ҳукумат роҳ хоҳад дод. Вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукуматашро бар асоси шоистагӣ ташкил хоҳад дод ва мумкин аст ба он рақибонаш дар интихобот ва рақибони қаблиашро ҳам шомил кунад. Ӯ гуфт, ҳар касе ки "бо дидгоҳҳои ӯ ваҷҳи муштарак дорад, дар ҳукумат мемонад." Доктор Абдулло аз номзадҳои аслии интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 5 апрел ба ҳисоб меравад ва бар тибқи шумориши бахше аз оро, ҳоло пешсафи интихобот аст. Натиҷаҳои пурраи интихоботи Афғонистонро рӯзи 24 апрел эълон мекунанд.
XS
SM
MD
LG