Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори ҳамдардии Отамбоев ба наздикони қурбониёни Одинабойӣ


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон зимни ирсоли як нома ба президенти Тоҷикистон дар мавриди ба ҳалокат расидани 15 сокини деҳоти навоҳии Кӯлоб бар асари лағжиши кӯҳпора, изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон бо пахши ин хабар ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, 14-уми апрел Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳодисаи фоҷеабори ноҳияи Шӯрообод ва навоҳии дигари Тоҷикистон, ки дар як шаб ҷони 15 нафар рабуда шудааст, ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори амиқи таслият кардааст. Президенти Қирғизистон дар тасаллиятномаи худ ҳамдардии худро ба хонаводаҳое, ки пайвандони худро гум кардаанд, зикр намуда ва ба онҳое, ки дар натиҷаи лағжиши кӯҳпора дар Одинабойии Шӯрообод ва деҳоти дигар зарари ҷисмонӣ дидаанд, шифо хостааст. Офатҳои табиии рӯзҳои 12-13-уми апрел дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 15 кушта бар ҷой гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, 13 нафар дар ноҳияи Шӯрообод, як нафар дар Ҳамадонӣ ва як нафари дигар дар ноҳияи Восеъ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG