Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи гармхона дар шаҳри Ваҳдат зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон


Зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат, 25 километрии шарқи Душанбе як гармхона ба истифода дода шуд. Тавре аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳур хабар доданд, имрӯз 15-уми апрел дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон аз «рафти сохтмон ва роҳандозии кори гармхонаи сабзавотпарварӣ, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва ширкати Голден Груп дар масоҳати 6 гектар бунёд меёбад, оғоз ёфт.» Ба иттилои ин манбаъ, ширкати мазкур, ки ҳоло дар масоҳати ним гектар гармхона сохтааст, дар он парвариши ниҳолҳои сабзавотро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин дар ним гектари дигар сохтмону омодасозии гармхонаи дуюм идома дорад. Гуфта мешавад як соли оянда ҳамин гуна гармхонаҳо дар масоҳати 6 гектар аз ҷониби соҳибкорон бояд сохта шаванд. Ин гармхона дар масоҳати 6 гектар бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои худи соҳибкорон бунёд хоҳад ёфт. Дар назар аст Эмомалӣ Раҳмон давоми рӯз зимни сафари худ аз рафти сохтмони биноҳои баландошиёна дар шаҳри Ваҳдат дидан кунад.
XS
SM
MD
LG