Иттиҳодияи Аврупо як бастаи кӯмаки як миллиард евроӣ барои Украина ва барномаи поин овардани ҳақи гумрукӣ барои молу колоҳо барои Украинаро ба тасвиб расонд.
Ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Белгия ҳамчунин 14 апрел ба феҳристи 18 нафар шахсиятҳое, ки дороиашон масдуд шудааст, 4 нафари дигарро илова кард. Онҳо барои нодуруст истифода кардани сармояҳои будҷа ба ин феҳрист даромадаанд.
Ин як миллиард евро, ки ба як миллиарду 400 миллион доллар баробар аст, бар иловаи 610 миллион еврое дода мешавад, ки қаблан дода шуда буд ва ҳоло тақсим нашудааст.
Аз сӯи дигар, ба нақша гирифта шудааст, ки молиёт барои молу колое, ки аз Иттиҳодияи Аврупо ба Украина содир мешавад, баъд аз ду ҳафтаи дигар эътибор пайдо кунад ва он то моҳи ноябрро дар бар мегирад.