Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири амнияти Чин ба Тоҷикистон меояд


Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин бо як сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дафтари матуботи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "сафари Го Шенкун, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон рӯзҳои 18 -20 апрел сурат мегирад." Дар мавриди барномаи сафари вазири амнияти ҷамъиятии Чин ба Тоҷикистон иттилоъе пахш нашудааст. Амо ба иттилои вазорати хориҷа, қабл аз сафари расмии вазири амнияти и Чин рӯзҳои 16-17 апрел дар Душанбе мулоқоти котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мегардад.
Қарор аст, ки дар ин нишаст, котибони Шӯроҳои амниятии Тоҷикистон, Қазодистон, Қирғизистон, Русия, Чин, муовини котиби Шӯрои амнияти Узбакистон, дабири кулли Созмони Шанхай ва сохтори минтақавии зиддиттеррористии ин созмон ширкат хоҳанд кард. Ин нӯҳумин мулоқоти котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст.
Дар аввали моҳи ҷорӣ дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд нишасти вазирони дифои ин созмон баргузор шуда буд. Ҳамзамон бо ин нишаст Чан Вансюан, вазири дифои Чин сафари расмиаш ба Тоҷикистонро анҷом дод.
XS
SM
MD
LG