Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо манзил дар Валпараисои Чилӣ ба коми оташ рафт


Бар асари оташсӯзӣ дар шаҳри бандарии Валпараисои Чилӣ дасти кам панҷ нафар ба ҳалокат расидааст. Беш аз 150 манзили зист ба коми оташ рафта, ҳазорон нафар ба ҷойҳои амн интиқол ёфтанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, сӯхтор шоми шанбе, 12 апрел, ба амал омад зуд дар маҳаллаҳои зист паҳн шуд.

Мақомоти Чилӣ рӯзи якшанбе ба тафтиши сабабҳои оташсӯзӣ шурӯъ карданд. Раисиҷумҳур Мишел Бачелет бахше аз шаҳрро “минтақаи офат” эълон кард ва ба артиш фармуд, ки низомро дар Валпараисо таъмин кунад.

Валпараисо аз бузургтарин шаҳрҳои бандарии Чилӣ маҳсуб мешавад ва он ҷо 270 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Маркази шаҳр ба феҳристи ёдгориҳои фарҳангии ЮНЕСКО шомил шудааст.
XS
SM
MD
LG