Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арақчӣ: Теҳрон барои номзадии Абутолибӣ пойфишорӣ мекунад


Ҳомид Абутолибӣ
Ҳомид Абутолибӣ
Як мақоми аршади вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, мавзӯи иваз намудани сафири тозатаъини кишвар дар СММ Ҳомид Абутолибӣ, ки ИМА аз додани раводид ба ӯ сарпечӣ кардааст, матраҳ нест. Аббос Арақчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи шанбе, 12 апрел, дар сӯҳбати вижа бо хабаргузории Меҳр изҳор намуд, “мо алтернативаи интихоби худро барасӣ намекунем”.

Вошингтон сарпечӣ аз додани раводид ба Ҳомид Абутолибиро бо ширкати эҳтимолии ӯ дар гаравгон гирифтани 52 амрикоӣ ҳангоми забти сафорати ИМА дар Теҳрон дар соли 1979 марбут кардааст. Гурӯҳи донишҷӯёни исломгарои эронӣ тайи 444 рӯз амрикоиҳоро дар асорати нигаҳ дошта буд. Абутолибӣ мегӯяд, ки дар он қазия ӯ ҳамчун тарҷумони гурӯҳ фаъолият мекард.

Намояндаи ҳайати Эрон дар СММ Ҳомид Бобоӣ рӯзи ҷумъа тасмими Амрико барои сарпечӣ аз додани раводид ба Абутолибиро “таассуфовар” ва “нақзи қавонини байнулмилалӣ” номид.
XS
SM
MD
LG