Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Қудратов: "Шикояти Бобораҷабова идомаи фишорҳост"


Духтаре, ки даъво дошт Зайд Саидов ба номуси ӯ таҷовус кардааст, акнун аз болои Шӯҳрат Қудратов «барои паст задании шаъну шараф»-и худ ба додгоҳ шикоят бурда, талаби 200 000 сомонӣ кардааст.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос имрӯз, 11-уми апрел ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи 10-уми апрел вайро ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ даъват кардаанд ва додраси ин додгоҳ Абдураҳмонзодаи Бахтиёр бо аризаи шикоятӣ шинос кардааст. Қудратов гуфт, нисбати ӯ Моҳира Бобораҷабова ба ҳайси даъвогар ва модараш Гулнора Бобораҷабова, ҳамдаъвогар ба додгоҳ даъво бурданд, ки Қудратов нисбати Бобораҷабова матолиби таҳқирӣ нашр намудааст.

Шӯҳрат Қудратов гуфт, «гӯё ман, аз ҷумла тариқи интернет нисбати ин ду хонум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаам ва таҳқиру ҳақоратро ба унвонашон раво дидаам.». Моҳира Бобораҷабова ва модараш барои «таҳқиру пастзанӣ» аз Шӯҳрат Қудратов рӯёнидани 200 000 сомониро талаб кардаанд.

Аммо Қудратов мегӯяд, «мушаххасоти ин иддао, то ки донам сухан аз хусуси кадом амалу рафторам меравад, ҳанӯз бароям номаълум аст». Шӯҳрат Қудратов ин даъворо идомаи фишорҳо нисбаташ медонад. Қудратов мегӯяд ҳар он чи ки дар расонаҳо гуфтаву навиштааст, «аз рӯи қонун ва ҳаққи шаҳрвандии худ» аст.

Номи Моҳира Бобораҷабова вақте расонаӣ шуд, ки баъд аз боздошти Зайд Саидов ба додгоҳ даъво бурд, ки ӯро Зайд Саидов ҳангоми ноболиғ буданаш аз сӯи ин соҳибкори шинохта мавриди таҷовуз қарор гирифта бошад. Аммо ҳангоми баррасии парвандаи Зайд Саидов, вакилони дифоъ гуфтанд, ки ин даъвои «таҷовусшуда» исботи худро наёфт.

Дар пайи даъвои Моҳира Бобораҷабова нисбати Зайд Саидов, мақомот гуфтанд, ки ташхиси ДНК-и ҳардуро дар Маскав гузаронида, падарии Зайдро ба кӯдаки Бобораҷабова исбот кардаанд. Аммо вакилони дифоъ дубора ба ташхисгоҳи «Био Папа»-и Маскав дубора муроҷиат карда гуфтанд, ки ҳуҷҷати мақомоти тоҷик оварда тақаллубӣ аст.
XS
SM
MD
LG